Қотилон дастгир шуданд
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сокинони шаҳри Истаравшан Аҳроми Бозор, Аслон Азимбоев ва Илҳом Алиқуловро, ки ба қатли ҷавондухтаре гумонбар шудаанд, дастгир намуданд.
Назар ба хабари намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 27 январ кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи шаҳри Истаравшан дар ҳудуди деҳаи Охтангии ҷамоати Шаҳристон ҷасади сокини шаҳри Истаравшан Мақсуда Қузиеваи 22 — соларо пайдо намуданд. Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ шахсони зикршуда дастгир гардиданд. Маълум шуд, ки ҷинояткор Аҳроми Бозор Мақсуда Қузиеваро бераҳмона латукуб карда дар натиҷаи ин ҷабрдида дар маҳалли воқеа ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, тайи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 336 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуд, ки назар ба соли 2012 баробари 1743 ҷиноят зиёд аст. Сатҳи ошкор намудани ҷиноятҳо 87 фоизро ташкил дод. Аз ҷумлаи 3 ҳазору 111 ҷинояти вазнин, 12 ҷиноят кушторро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






