Ҳаҷми инвеститсияҳо ба иқтисодиёти ҶТ коҳиш ёфтааст
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Соли 2013 ҳаҷми вориди инвестиитсияҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1 миллиарду 415 миллион доллари Амрикоро ташкил дод. 29 январ раиси Бонки миллии ҶТ Абдуҷаббор Ширинов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Абдуҷаббор Ширинов ҳамзамон зикр намуд, ки соли 2013 вориди инвеститсияҳои мустақим ба иқтисодиёти кишвар баробари тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфт. Масалан, соли 2013 ба ҷумҳурӣ 1 миллиарду 415 миллион доллар ворид гардид, ҳол он ки ин рақам дар соли 2012 – ум 2 миллиарду 44 миллион долларро ташкил дода буд.
Бу гуфтаи раиси Бонки миллӣ, «коҳиш ёфтани ҳаҷми инвеститсияҳои мустақим ба Тоҷикистон сабабҳои узрнок дорад».
«Сабаби ин дар навбати аввал он аст, ки ҳоло бисёр сармоягузорони бузург интизори фоидаи маблағҳои худ мебошанд», — гуфт Абдуҷаббор Ширинов.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин зикр намуд, ки аз ҷумлаи ҳаҷми умумии маблағи хориҷие ки соли 2013 ба Тоҷикистоне ворид гардид, 87 миллиону 600 ҳазор доллари онро инвесчтитсияҳои мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






