Ҳалокати 3 нафар дар як ҳафта

Январь 21, 2014 14:32

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 58 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 15 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд.Дар ҳафтаи гузашта, яъне аз 13 то 19 январи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 22 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 3 нафар ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардид.

Январь 21, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш