Ҳамкории бонкҳо
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 8 январ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва намояндагонии «Комерсбонк» — и Ҷумҳурии Федеративии Олмон масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар бахши хидматрасонии бонкию молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳон низ баррасӣ шуданд. Меҳмонон перомуни рушди бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.Қобили зикр аст, ки «Комерсбонк» — и Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз бонкҳои калонтарини Аврупо ба шумор рафта, фаъолияташ аз соли 1870 оғоз ёфтааст. Бонки мазкур аз рӯи бисёр намудҳои хидматрасонии бонкию молиявӣ мақоми аввалро касб намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






