Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ

Январь 21, 2014 11:13

Душанбе, 21 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Дар ҷараёни гузаронидани назоратҳои техникӣ 69 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, шахсони ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд. Маблағи умумии ҷарима дар соли 2013 — 55 120 сомониро ташкил дод. Ин нукта 20 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд. Тибқи маълумоти хадамот дар соли 2013 дар хадамот 1752 корхона ва 14 243 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Барои наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар задани ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок ба 45 роҳбари корхона нишондод оид ба боздошти корҳо пешниҳод гардид.

Январь 21, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш