Ҷазои ҳабси абади 2 нафар дар соли 2013

Январь 21, 2014 10:28

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-Аз 49 парвандаи ҷиноятии дар соли 2013 баррасишуда бо 46 парванда нисбат ба 80 нафар ҳукми айбдоркунӣ бароварда шуд. Бо як парванда нисбат ба 1 шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ гардида, як парванда нисбат ба 1 шахс бинобар нопурра будани таҳқиқ зимни тафтиши пешакӣ барои тафтиши иловагӣ баргардонида шуд ва пешбурди як парванда нисбат ба 1 нафар бинобар гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан қатъ гардид.Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев зикр карда, афзуд, ки аз шумораи умумии маҳкумшудагон ба 66 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла, нисбат ба 2 кас ҷазои якумра ва нисбат ба 4 шахс ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ таъйин карда шуда, нисбат ба 6 нафар ҷазо шартан татбиқ нашуд. 

Январь 21, 2014 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд