Ҷоиза ба «Беҳтарин андозсупоранда»
Хоруғ, 8 январ. (АМИТ»Ховар», Файз Мирасан).- Соли 2013 бо дастури Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ВМКБ ба мақсади боло бурдани фарҳанги андозсупорӣ таҳти унвони «Андоз- бақои давлат» дар миёни андозсупорандагон озмун эълон шуд. Бо баргузории як ҷаласа дар толори раёсати андози вилоят дар ҳузури муовини раиси вилоят Исрор Исроров ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим карда шуд. Аз байни корхонаҳои давлатию хусусӣ ин ҷоиза насиби меҳмонхонаи «Сирена» гардид. Гуфта шуд, ки ин меҳмонхона ҳамеша бидуни огоҳӣ ва таъкиди иловагӣ андози худро сари вақт пардохт мекунад. Яке аз дигар андозсупорандагони беҳтарини соли 2013 ширкати сохтмонии «Бунёд» мебошад, ки андози худро бе таъхир ба буҷа ворид месозад. Дар миёни соҳибкорон Ҷамила Давлатова ва Лангарӣ Лангарчиев ҳамчун андозсупорандагони фаъол ба гирифтани мукофот сарфароз гардиданд. Сардори раёсати андози вилоят Илҳом Мародҳусейнов гуфт, ки ҳадафи аслии мо аз баргузории ин озмун ба тамоми сокинони вилоят фаҳмондани моҳияти андоз барои давлат ва ҳар шаҳрванд мебошад Ба гуфтаи сардори раёсати андози вилоят ин ва дигар тадбирҳо имконият доданд, ки нақшаи пардохти андоз бештар аз 109 фоиз иҷро гардад. Андози иҷтимоӣ ба андозаи 105 фоиз таъмин карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






