16,2 млн. $ Бонки умумиҷаҳонӣ барои соҳаи маориф
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро тасдиқ карданд.Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов масъалаи мазкурро Наимӣ Аъламхон муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия шарҳ дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки созишномаи мазкур 1 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт. Мақсади Созишнома пеш аз ҳама мусоидат ба беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ ба соҳаи маориф тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад. Зикр гардид, ки Агентии иҷроияи лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин татбиқи лоиҳа соли 2013 оғоз ёфта, соли 2018 ба анҷом расонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






