19 медали хонадагони кишвар аз олимпиадаи байналхалқии Жаутиковӣ

Январь 22, 2014 16:36

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Ба иттилои директори Маркази кор бо мактаббачагони болаёқати назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Шокирҷон Гадоев хонандагони кишвар аз олимпиадаи байналхалқии Жаутиковӣ, ки аз 11 то 18 январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт, бо 19 медал аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ ба ватан баргаштанд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, дар олимпиадаи мазкур 392 хонанда аз 17 кишвари олам иштирок дошта, Тоҷикистонро дар ин озмун 19 нафар дар 3 даста аз литсей-интернатҳои тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», мактаби №60, гимназияи №53-и шаҳри Душанбе ва гимназияии ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ҳимоя карданд.Гуфта мешавад, ки баъд аз натиҷагирӣ кардан хонандагони кишвар аз ҳамаи шаклҳо ва фанҳои олимпиада сазовори 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд.Ёдрас мешавем, ки дар соли 2014 ин аввалин олимпиадаи байналхалқӣ ва дастоварди нахустини хонандагони ҷумҳурӣ мебошад.

Январь 22, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш