2911 адад шикояти шаҳрвандон ба Суди Олӣ

Январь 21, 2014 14:32

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Ба Суди Олӣ дар соли 2013 — 2911 адад арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба соли 2012 -233 адад ё 8 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта 21 январ дар нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.   Тавре ки раиси Суди Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев зикр дошт, аз миқдори умумии шикоятҳо 2749 ё 94 фоиз аз тариқи омӯзиши 1311 парванда ҳал гардид. Аз ин миқдор 1159 шикоят ба парвандаҳои гражданӣ, 445 ба парвандаҳои оилавӣ, 1085 шикоят марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва 60 шикоят вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буданд.

Январь 21, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид