454 садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон дар як сол
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Таҳлили садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кўдакону наврасон дар соли 2013 454 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 86 нафар ба ҳалокат расида, 359 нафар кўдакону наврасони то синни 16- сола чароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, садамаҳои аз ҷониби пиёдагардон-320 нафар, мусофир-97 нафар, велосипедист-27 нафар, ронанда-5 нафарро ташкил мекунад.Ёдрас мешавем, ки баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кўдакону наврасон дар соли 2013 аз тарафи кормандони БДА як силсила чорабиниҳо гузаронида шуд: дар оғоз ва анҷоми соли хониш дар миқёси ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида, дар мактабҳои ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони БДА зиёда аз 7764 сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти маориф ва дигар вазорату ташкилоти марбута аз 27 май то 2 июни соли равон Озмуни сеюми ҷумҳуриявии нозирони навраси ҳаракат гузаронида шуд. Баҳри мустаҳкам намудани дониши кўдакон оид ба «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе озмун-викторинаҳо гузаронида , ҳамчунин дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон дар ҳамбастагӣ бо ширкати Мегафон чорабинии мақсаднок «Дар ранги сабз гузар» гузаронида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






