50 ҳазор нафар мизоҷон аз маркази гармидиҳӣ истифода мекунанд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, блоки якуми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе то охири ҳафтаи ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Назар ба хабари манбаъ, алҳол як блоки маркази гармидиҳӣ барои истифода омодааст. Мувофиқи иқтидори лоиҳавӣ маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе 50 мегаватт неруи барқ тавлид мекунад, ки барои давраи тирамоҳу зимистон басо зарур аст. Дар оянда ин маркази гармидиҳӣ ба шабакаи ягонаи неруи барқи Тоҷикистон пайваст мегардад. Тавре ки пештар хабар дода шуда буд, барои фаъолияти пурраи маркази гармидиҳӣ ҳар моҳ беш аз 22, 3 ҳазор тонна ангишт зарур аст. Навбати дуюми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе дар давоми соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






