910 баҳси судӣ бо андозсупорандагон
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-«Аз рӯи 1941 адад қароре, ки оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 303 млн. сомонӣ қабул шуда буд, ба буҷа 122 млн. сомонӣ ворид гардид»,-иттилоъ дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти кумита ба ВАО.
Ба иттилои мавсуф дар давраи ҳисоботӣ кумита аз ҳисоби 885 адад қарори дар соли 2012 қабулгардида, ки иҷрои онҳо дар соли 2013 идома дошт, 43 млн. сомонӣ ба буҷаи давлатӣ ворид карда шуд.
-Дар соли гузашта тибқи тартиби ғайрисудӣ маблағи умумии 165 млн. сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Ҳамчунин дар ин сол оид ба ситонидани маблағи қарзи андозҳо, бекор кардани санадҳои санҷишӣ, қатъи фаъолияти соҳибкорӣ, муфлис эътироф намудани андозсупоранда, ситонидани андоз аз андозбандӣ бо иштироки мақомоти андоз, дар маҷмӯъ 910 баҳси судӣ ба миён омад, ки қисме аз онҳо ҳал шуда, баррасии қисмати дигар идома дорад,- афзуд Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигорон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






