Афсарони ҷавон касби наҷотдиҳиро меомӯзанд
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов дар Маркази таълимии ин ниҳоди қудратӣ курсҳои такмили ихтисоси афсарони ҷавон ба роҳ монда шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ин ҷамъомади таълимию методӣ афсарони ҷавоне, ки баъди хатми муассисаҳои олии шаҳрвандии кишвар дар қисмҳои низомии кумита фаъолияти корияшонро оғоз намудаанд, ҷалб гардиданд. Зимни баргузории чунин курсҳо ҳар дафъа барномаҳои нави омўзишӣ таҳия ва омўзонида мешаванд, ки ин дар самти иҷрои пурсамари вазифаҳои хизматии афсарони ҷавони қисму воҳидҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






