Афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ

Январь 27, 2014 11:29

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012- 1743 ҳолат зиёд мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87 фоизро ташкил медиҳад»,- гуфта шуд 27 январ зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Дар ин давра 3111 ҷинояти вазнин, 112 куштор, 48 роҳзанӣ, 170 ғоратгарӣ, 51 таҷовус ба номус, 107 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 1227 адад авбошӣ, 2209 қаллобӣ, 3624 дуздӣ рух додааст. «Дараҷаи ошкор сохтани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, роҳзанӣ, авбошӣ ва қаллобӣ беҳтар гардидааст»,- гуфт муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков.

Январь 27, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш