Афзоиши нафақагирон дар соли 2013

Январь 21, 2014 14:50

Душанбе, 21 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 611 ҳазору 058 нафарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 773 нафар зиёд аст, -гуфт зимни нишасти хабарӣ Руҳулло Ҳакимов, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонБа иттилои мавсуф талаботи моҳона бе назардошти иловапуливу кӯмапулиҳо соли гузашта ба 139,1 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 31,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.-Андозаи миёнаи нафақа дар соли гузашта 46,85 сомонӣ зиёд мебошад. Талаботи умумии моҳона бо назардошти иловапуливу кумакпулиҳо дар соли ҳисоботӣ 143,4 млн. сомониро ташкил менамояд, иброз дошт Руҳулло Ҳакимов, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти агентӣ бо хабарнигорон.

Январь 21, 2014 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш