Афзоиши шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДТТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) баргузор гардид. Убайдулло Қурбонов, ректори ДДТТ зимни нишаст гуфт, ки дар соли 2013 шумораи омӯзгорону кормандони ДДТТ аз 1138 нафар иборат буда, 650 нафари он кормандони асосии ҳайати профессорону омӯзгорон ва 149 нафар ҳамкоронро ташкил медиҳад. Шумораи донишҷӯён аз 7449 нафар, шумораи магистрҳо, ординаторҳои клиникӣ аз 662 нафар, шумораи шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ аз 932 нафар ва шумораи аспиранту докторантҳо аз 249 нафар иборат буд, ки дар маҷмуъ дар соли 2013 9292 нафар муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра дараҷанокии илмӣ баланд шуда, ба корҳои роҳбарикунанда ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷалб намудани олимони ҷавон беҳтар гардида, теъдоди умумии донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ ва донишҷӯёни ба тариқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда аз 8 то 20 маротиба афзудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






