Барассии лоиҳаи нав оид ба ҳуқуқи муҳоҷирон

Январь 31, 2014 13:55

 
     Душанбе,31.01.2014.(АМИТ«Ховар»). — Муаррифии лоиҳаи нави «Муҳоҷирони меҳнатӣ ва  аъзои оилаи онҳо: Васеъкунии имконияти ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ» 4 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
 
   Тибқи иттилои менеҷери лоиҳаи мазкур, Заҳро Қурбонбекова, мақсади лоиҳа ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаи онҳо бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ташкили намояндагӣ ва ҷомеаи шаҳрвандон мебошад.
 
   Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ  гардида,  DanChurchAid (DCA) Central Asia дар ҳамкорӣ бо ТҶ  Марказ оид ба ҳуқуқи инсон, ТҶ «Ғамхорӣ» ва ТҶ Марказ оид ба сиҳатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД амалӣ карда мешавад.
 
   Дар татбиқи  лоиҳа, Иттиҳоди Аврупо 3 ҳ. евро ҷудо намуда, барои ташкили DCA Central Asia 160 ҳ.евро маблағгузорӣ менамояд.
 
 
 

Январь 31, 2014 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш