Баррасии 17 масъала дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳаётан муҳим муҳокима ва баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», Дар бораи Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим», Дар бораи «Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф», Дар хусуси «Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зўроварии экстремистӣ», Дар хусуси «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва ғайраро муҳокима намуданд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт, бархе аз онҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум пешниҳод шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






