Беш аз 1000 ҷинояти пинҳонро мақомоти прокуратура ошкор карданд

Январь 21, 2014 09:42

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2013 беш аз 18,3 ҳазор ҷиноят (аз ин 5 116 аз тарафи мақомоти прокуратура) ба қайд гирифта шуд, ки 1 740 адад назар ба соли 2012 зиёд мебошад. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии ҶТ, аз ин 1 114 ҷинояти пинҳон аз тарафи мақомоти прокуратура ошкор гардид. Манбаъ афзуд, ки холо ҳам ҷиноятҳои пинҳон зиёд мебошанд ва дар соли 2014 ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.Зиёд сабт гардидани ҷиноятҳо аз фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад. Лекин, афзоиши ҷиноятҳое, ки пешгирии онҳо ба мақомоти давлатӣ вобастааст, низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, ҷиноятҳои куштор, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ , авбошӣ зиёд шудаанд, ки ин боиси ташвиш мебошад. Ин ҳолатҳо дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба чашм мерасанд.

Январь 21, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд