БМТ — узви Биржаи байнибонкии асъори Маскав
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Федератсияи Русия узви комилҳуқуқи Биржаи байнибонкии асъори шаҳри Маскав гардид. Тавре ки Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, шомил шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ имконият медиҳад, ки робитаҳои БМТ ва бонкҳои кишвар бо шарикони Федератсияи Русия тавассути биржаи мазкур ба сатҳи нави ҳамкориҳои судманд бароянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки оғози амалиёт дар ин биржа бо иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар охири моҳи январи соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






