Бохти дастаи ҷавонон
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) бозии хотимавии худро дар марҳалаи гуруҳӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод дар шаҳри Санкт – Петербург анҷом дод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин бозиро бо ҳисоби 1 бар 4 ба дастаи Украина бохта, ба мусобиқоти чорякниҳоӣ роҳхат пайдо карда натавонист.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Украина бо 9 хол дар гуруҳи худ мақоми аввалро касб намуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи Эстония гардид. Футболбозони ҷавони тоҷик бо 2 хол мақоми сеюмро касб намуданд.
Акнун дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бояд дар мусобиқоти тасаллобахш барои ҷойҳои 9 – 12 — ум вохӯриҳоро анҷом диҳад. Футболбозони тоҷик 30 апрел бо дастаи Молдова вохӯрда, дар сурати ғолибият барои ҷойҳои 9 ва 10 – ум бо ғолиби вохӯрии дастаҳои Қирғизистону Қазоқистон қувваозмоӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






