Боздиди Қоҳир Расулзода аз бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон шинос шуд.Тавре, ки маълум гардид, дар айни замон дар шаҳру ноҳияҳои минтақа дар қитъаҳои алоҳида корҳои асосии соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани маҷрои сою дарёҳо идома дошта, тибқи нақша корҳо марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.Сарвазири мамлакат баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои анҷомдодашуда ва ба нақшагирифташудаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Ёхсу ва сойҳои Зиракӣ, Даҳана ва Тебалай барои анҷоми босифати корҳои асосии соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфнок ва таҳияи лоиҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои номбурда, истифодаи самарабахши маблағҳои пешбинишуда, ҷалби техникаҳои зарурии сохтмонӣ, тоза кардани маҷрои дарё ва сойҳо, таъмини масолеҳи аввалияи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ташкили корҳои асосии дастҷамъона бо кумаки аҳолии маҳаллӣ ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ ва дигар масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз маҳали бар асари сӯхтор зарардидаи бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозию навсозии ин маркази бузурги тиҷоратӣ шинос шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






