Бозори «Саховат» — и шаҳри Кулоб то иди Навруз барқарор мешавад

Январь 16, 2014 11:23

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тавре ки муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков ба АМИТ «Ховар» хабар дод, бозори «Саховат» — и шаҳри Кулоб то иди Навруз пурра барқарор мегардад. Мувофиқи суханони номбурда, ҳоло ҳазорҳо нафар ихтиёриён ҷойи сӯхтаҳоро тоза мекунанд. «Мо умедворем, ки бо саъю кӯшиши якҷоя бозорро дар муҳлати муқарраршуда барқарор хоҳем кард. То имруз «Тоҷикматлубот» барои барқарорсозии бозор 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст», — гуфт Хуршед Сангаков.Хотирнишон месозем, ки 12 январ бар асари расиши кӯтоҳи хати интиқоли барқ дар бозори марказии «Саховат» — и шаҳри Кулоб сухтор сар зада ва он масоҳати 3 ҳазору 28 метри мураббаъро фаро гирифта буд.

Январь 16, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш