Бурду бохти соҳаи театри тоҷик
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). Дар давоми соли 2013 муассисаҳои театрӣ ва консертӣ барои дар сатҳи баланди бадеӣ баргузор кардани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ саҳми муносиб гузошта, 16 театри мамлакат бо спектаклҳои нави худ дар барномаи ҳунарии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013» ширкат намуданд. Тавре ки аз Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисаҳои театрҳои касбӣ ва консертӣ, сирк, гуруҳҳои эҷодӣ, дар умум 1679 чорабинӣ, аз ҷумла, спектакл, консерт, барномаи сиркию театрикунонидашударо пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 622 ҳазор нафар тамошобинон баҳра бурдаанд. Дар театрҳои касбии мамлакат 38 намоишномаи нав таҳия ва манзури тамошобинон гардиданд. Дар ин давра ҳамаи театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба кулли шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бо барномаву спектаклҳои ҷолиби худ сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Вазорат соли 2013 баъди баррасӣ дар шӯроҳои бадеӣ 23 асари драмавӣ ва 22 асари мусиқии тозатаълиф харид намуд: Нур Табаров «Мусичаро напаррон!» , Ӯрунбой Усмонов «Қулф», Файз Сафаров «Фиғон», Темур Зулфиқоров «Дарвеш ва Малика Ҳатешеступ» аз ҷумлаи онҳоянд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг дар баробари дастовардҳои назарраси соҳаи театр камбудиҳои ҷиддӣ низ мавҷуданд. Ин, пеш аз ҳама, набудани мутахассисони касбии соҳаи санъати театрӣ, ба мисли роҳбари бадеӣ, режиссёрҳо, рассомон, композиторон, пардозгарон, бутафорҳо, реквизиторҳо,рӯшноидиҳандаҳо, мутрибон дар театрҳо мебошад, ки дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, новобаста ба чораҷӯиҳои роҳбарияти Вазорати фарҳанг ҳалли мусбати худро наёфтанд. Ҳар сол Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро понздаҳ-бист донишҷӯ бо тахассуси актёри театр ва кино хатм мекунанд, ки дар миёни онҳо, албатта, ҷавонони лаёқатманд ҳастанд. Аммо бо сабаби маоши ночиз, набудани хобгоҳ ва манзили зист, дигар камбудиҳои иҷтимоӣ онҳо тарки касбу ҳудуди кишвар мекунанд. Мушкили аз ҳама асосии соҳаи санъати театрӣ он аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 4-5 режиссёри соҳибтахассус мондааст, ки синни онҳо аз шаст гузаштааст. Дар Тоҷикистон композитороне кам мондаанд, ки қудрати офаридани асарҳои калони симфонӣ, ораторияҳо ва мусиқӣ барои операву балетро дошта бошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






