Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 21, 2014 13:44

Задухӯрд дар ЛибияДушанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар шаҳри Сабҳаи Либия бархӯрдҳои мусаллаҳона ба қайд гирифта шуданд. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, дар пайи бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни низомиёни Артиши миллӣ бо гурӯҳҳои силоҳбадаст даҳҳо нафар аз ҷониби Артиши миллӣ захмҳои гуногун бардоштанд. Сарвазири Либия Алӣ Зейдон низ аз сохторҳои низомӣ даъват ба амал овард, ки амниятро дар кишвар пурзӯр намуда, ҳарчи бештар тадбирҳои бехатарӣ андешанд«Ансор-ал-сунна»-созмондиҳандаи таркишҳо дар Русия Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар»)-Тавре ки шабакаи телевизионииRussian to day-и Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад,масъулияти ҳамлаҳои террористиеро, ки дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия содир шуданд, гурӯҳи экстремистии «Ансор-ал-сунна»-и Ироқ бар уҳдаи худ гирифт. Аъзои гурӯҳи мазкур боз таҳдид намуданд, ки амалҳои террористии худро зимни баргузории Бозиҳои олимпии зимистона, ки дар шаҳри Сочи баргузор мегарданд, анҷом хоҳанд дод. Вазъияти Судони ҶанубӣДушанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар»)-Вазъият дар баъзе минтақаҳои Судони Ҷанубӣ то ҳол мураккаб боқӣ мондааст. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни неруҳои ҳукуматӣ ва силоҳбадастони кишвар садҳо нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафар фирорӣ шуданд. Ҳамчунин бархурдҳо боиси хароб гардидани биноҳои зиёди истиқоматӣ ва иншооти дигар гардидаанд. Бояд гуфт, ки дар пайи задухӯрдҳо 90 дарсади зерсохтори шаҳри Бор хароб шуд. Бо мақсади маҳви силоҳбадастон ва озод намудани минтақаҳои даргир аз назорати онҳо Уганда ба Судони Ҷанубӣ аз ҷиҳати низомӣ кӯмак мекунад. Амалиёти мақомоти полиси Афғонистон Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон дар вилоятҳои Нимрӯз ва Кандаҳор кормандони мақомоти полиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҷараёни амалиёти махсус 30 таҷҳизоти таркандаро дарёфт ва безарар гардониданд. Ба гуфти котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гурӯҳҳои ҷиноятӣ таҷҳизоти таркандаи худсохтро бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ ҷосозӣ кардаанд. Хуруҷи зукоми хук дар МисрДушанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ба иттилои Вазорати тандурустии Мисри Араб 13 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба бемории зукоми хук ё худ вируси «АШ1-ЭН1» ба қайд гирифта шуд. Ҷоизи қайд аст, ки бештар сокинони шаҳри Эл-Мансури музофоти Дакахлия, ки 120 километр дуртар аз пойтахти кишвар- шаҳри Қоҳира ҷойгир аст, ба ин маризӣ мубтало гардидаанд. Гуфта мешавад, ки тайи солҳои охир зукоми хук дар 168 кишвари ҷаҳон хуруҷ кардааст, ки бар асари он 220 ҳазор нафар мубтало ва 1 ҳазору 900 нафари дигар ҷон бохтааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 21, 2014 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!