Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тасмими ҳукуматдорони Афғонистон
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар торномаи интернетии Би Би Си навишта шудааст, ҳукуматдорони Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки 72 маҳбусро аз ҳабсхонаи Бағроми Афғонистон озод намоянд. Вале намояндагони неруҳои Артиши Амрико ва НАТО раҳоии маҳбусонро аз ҳабсхонаи
Бағроми Афғонистон барои низомиёни хориҷӣ дар ин мамлакат хатаркон меҳисобанд, зеро бештари маҳбусон бо ҷурми даст доштан дар амалҳои террористӣ ба маҳкама кашида шуда буданд. Ба гуфти роҳбари маҳбасхонаи мазкур маҳбусони зиёд ғайриқонунӣ боздошт гардидаанд ва онҳо бояд ҳарчи зудтар озод шаванд.
Оташзании 300 хона дар Нигерия
Душанбе, 29.01.2014.29. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи телевизионии РБК дирӯз дар қисми шимолии Нигерия бар асари силсилаҳамлаҳои силоҳбадастон 100 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳукуматдорон гурӯҳи тундгарои «Боко Ҳарам»-ро айбдор мекунанд. Дар штати Борна чанд нафар шахси номаълум ба яке аз марказҳои савдо ҳамла оварда, 52 нафарро ба қатл расонданд. Бояд гуфт, ки дар моҳи ҷорӣ силоҳбадастон наздики 300 хонаи истиқоматиро низ оташ задаанд.
Фурӯравии кони тило дар Перу
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Евронюс ҳафтаи равон дар натиҷаи боришоти зиёди борону барф дар шаҳри Перу нақби кони тилло фурӯ рафт. Дар вақти ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Бояд гуфт, ки ҳодиса дар шаҳри Ла-Ринконада рух додааст.
Сатҳи бекорӣ дар Фаронса
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар Фаронса шумораи бекорон торафт зиёд мегардад. Мувофиқи иттилои Вазорати меҳнати Фаронса моҳи декабри соли 2013-ум дар Биржаи меҳнат 4 миллиону 900-ҳазор кас номнавис шудааст. Мувофиқи иттилои расида, 3 миллиону 300 ҳазори онҳо ягон сарчашмаи даромад надошта, танҳо бо гирифтани кумакпулӣ умр ба сар мебаранд. Сатҳи бекорӣ дар соли 2013 нисбат ба соли 2012-ум 5,7 дарсад зиёд гардидааст. Мувофиқи иттилои коршиносон президенти Фаронса Франсуа Олланд натавонист, ки нақшаи кори худро нисбат ба беҳтар намудани вазъи бозори меҳнат то охири соли 2013-ум амалӣ созад.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






