Дар Исфара ҳаҷми истеҳсолот меафзояд

Январь 30, 2014 11:49

Хуҷанд, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Дадабоев).- Соли  2013  ҳаҷми   маҳсулоти  корхонаҳои  саноатии  Исфараи  вилояти  Суғд  200 миллион  сомониро  ташкил  дода  ва  баробари  20  фоиз  афзуд.
 
Тавре  ки  аз  маъмурияти  шаҳри  Исфара  хабар доданд,  соли  гузашта  корхонаҳои  саноатии  шаҳр  ба  маблағи 195  миллиону  900  ҳазор  сомонӣ  маҳсулот  истеҳсол  намуданд, ки  нисбат ба  соли  2012  баробари  32  миллиону  500  ҳазор  сомонӣ  зиёд  аст.  Дар  ин  давра   ҳиссаи  саноатчиёни  шаҳр ба рушди  буҷети  давлат  45  фоизро ташкил  дод. Соли  гузашта дар  ин  шаҳр  11  корхонаи  нави  истеҳсолӣ  мавриди истифода  қарор  гирифт.
 
Имрӯз  дар   шаҳру    деҳоти  Исфара   21   корхонаи  саноатӣ  ва 29 коргоҳи  истеҳсолӣ  фаъолият  доранд. Соли гузашта  нисбат ба  соли  2012  ба  миқдори  зиёд  ангишт,  семент,   хишт,  спирт ва  меваи  хушк  тавлиду  таҳия  гардид. 

Январь 30, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд