Дармонгоҳ барои қабули 2120 бемор
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Моҳҳои январ-декабри соли 2013 маблағгузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 5 миллиарду 694 миллиону 177 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131,1 фоизро ташкил медиҳад, -иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ба гуфти раиси кумита Абдувалӣ Комилов, дар ин муддат, аз ҷумла, ба масоҳати умумии 975 ҳазору 656 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Соли 2013 фондҳои асосӣ ба маблағи 3 миллиарду 609 миллиону 552 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 4 миллиарду 928 миллиону 377 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 15 ҳазору 575 ҷойи нишаст, дармонгоҳ барои қабули 2120 бемор дар як баст ва беморхона бо 521 кат ба истифода дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






