Дарвоз: Баррасии фаъолияти солона

Январь 10, 2014 09:31

Хоруғ, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ҷаласаи ҷамъбасти сол бо ҳузури муовини раиси вилоят Исрор Исроров ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои ноҳияи Дарвоз дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ноҳия доир гардид. Дар он масъалаҳои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2013-ум ва дурнамои рушди сохторҳои мақомоти маҳаллӣ барои соли 2014-ум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар ҷаласаи ҷамъбастии ноҳияи Дарвоз раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонов аз фаъолияти солонаи рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумот дод. Ба гуфти раиси ноҳия ба хотири рушди соҳаи соҳибкорӣ дар давоми соли гузашта аз ҳисоби намояндагии бонкҳои давлатию ғайридавлатии ҳудуди ноҳия 12 миллион сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат дода шуданд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70 дар сад зиёд мебошад. Дар робита ба рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия зикр гардид, ки дар давоми соли 2013 аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои даромади худӣ 34 миллион сомонӣ барои сохтмони иншоотҳои қаламрави ноҳия масраф шудааст. Бунёди бинои истиқоматии 24 ҳуҷрадор дар маркази ноҳия, майдони варзишӣ барои 1400 ҷойи нишаст , ба фаъолият шуруъ кардани корхонаи “Санги мармар», сохтмони хатти оби нӯшокӣ, варзишгоҳи қалъаи Хусейн ва сохтмони яслӣ-боғча дар маркази ноҳия, чаҳор бунгоҳи тиббӣ, хатти обгузар дар деҳаи Зев аз дастовардҳои соҳаи иқтисодӣ дар як соли пеш дониста шуданд.

Январь 10, 2014 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд