Дастгир шудани ҷавонони ғоратгар
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Ду ҷавони 22 ва 20-солаи ноҳияи Данғара компютерҳои мактабро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Данғара бо гумони даст доштан дар дуздӣ шаҳрвандон Комилҷон Қосимови 22- сола ва Наврӯз Ғаниеви 20- соларо дастгир карданд, ки онҳо моҳи декабри соли гузашта бо тариқи шикастани қулфи дар вориди мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Данғара шуда, аз он ҷо 2 адад протсессор ва 2 адад компютерро, ки арзишашон 4000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.Гуфта мешавад, ки нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






