Ду футболбози тоҷик дар санҷишҳои бошишгоҳҳои қазоқ қарор доранд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Фатҳулло Фатҳуллоев, ниммуҳофизатгари дастаи «Истиқлол» ва Фарҳод Тоҳиров ҳамлагари дастаи «Истаравшан» дар санҷиши ду бошишгоҳи Қазоқистон қарор доранд. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоевро ситоди мураббиёни дастаи «Қайсар» барои санҷиш даъват кардааст. Фатҳулло аз соли 2009 дар тими «Истиқлол» бозӣ намуда, қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон ва ҷоизадори Ҷоми президенти AFC-2012 гардидааст. Фарҳод Тоҳиров, ки ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон аст, ба дастаи «Жетису» даъват шуд. Фарҳод Тоҳирови 23-сола мавсими гузаштаро дар дастаҳои «Парвоз» ва «Истаравшан» гузаронидааст. Қаблан дар дастаҳои «Парвоз», «Истиқлол», «Андиҷон» (Ӯзбекистон) ва «Истаравшан» ҳунарнамоӣ кардааст. Мавсими гузашта боз як футболбози дигари тоҷик Давронҷон Эргашев дар дастаи «Жетису» хуб баромад кард.Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар додаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






