Эҳёи олимпиада ба манфиати варзишгарони наврас аст
Хоруғ, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ ба хотири рушди варзиш ва таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон ният дорад олимпиадаи мактаббачагони вилоятро аз нав эҳё намояд.
Ба гуфтаи дастурдиҳандаи мактаби варзишии шаҳри Хоруғ Пайшанбе Вазирбеков нақшаи баргузории чунин чорабинӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ироа шуда, онҳо бовар доранд, ки кумита онро дастгирӣ мекунад. Хароҷоти баргузории мусобиқаи варзишӣ байни макотиби шаҳр 78 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Пайшанбе Вазирбеков аз аввали солҳои 90-ум сар карда, бар асари камбуди молиявӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни макотиби ноҳияҳои вилоят умуман баргузор нашуданд. Вале бо дастгирии масъулини собиқи мақомоти шаҳрдорӣ онҳо тавонистанд, тайи ин муддат чор маротиба мусобиқаҳои варзиширо байни макотиби шаҳр гузаронанд. Олимпиадаҳои варзишӣ ба эҳёи варзиш дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшанд ва чеҳраҳои нави варзиширо ба майдон хоҳанд овард,- изҳор дошт Пайшанбе Вазирбеков.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






