Эмомалӣ Раҳмон риояи қатъии қонунҳоро талаб намуд

Январь 16, 2014 10:52

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронии худ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 бо таваҷҷуҳ ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа таъкид намуд, ки кори комиссияҳои доимӣ доир ба назорати иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ»-ро фаъол гардонида, оид ба риояи ҳатмии муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” мунтазам чораҷӯӣ намоянд. «Такрор ҳам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки иҷрои ҳатмӣ ва босифати тамоми барномаҳои соҳавии қабулкардаи Ҳукумати мамлакат дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин карда шавад»- иброз дошт Сарвари давлат. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастур дод, то дар самти дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои иловагӣ андешанд.

Январь 16, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад