Фаъолияти Вазорати фарҳанг дар соли 2013
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- «Соли 2013 гуруҳҳои театрӣ, дастаҳои консертӣ ва ҳунарпешагони сирки Тоҷикистон 1679 чорабиниро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, театрҳои касбии ҷумҳурӣ 38 намоишномаҳои муаллифони тоҷику хориҷиро рӯи саҳна оварданд. Як қатор театрҳо ва гуруҳҳои консертӣ дар озмуну ҷашнвораҳои байналмилалии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркманистон ва кишварҳои дигар иштирок доштанд», — гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков.
Вазорати фарҳанг дар асоси 53 созишномаи давлатию соҳавии байналмилалӣ ва барномаҳои ҳамкорӣ дар риштаи фарҳанг фаъолият мекунад.
Муовини аввали вазири фарҳанг Маҳмадсаид Пиров дар навбати худ зикр намуд, ки Тоҷикистон барои ҷалби коргардонҳои хориҷӣ имконияти зиёде дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






