«Фасли руъё» дар «Сафина»
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Идораи таҳия ва дубляжи филмҳои бадеии Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» дар соли 2013-ум 22 филми бадеӣ ва 66 филми мустанадро тарҷума ва пахш кард, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 январ муовини аввали директори ин телевизион Карим Азизов. Вай афзуд, ки аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ филмҳои бадеии «Доғ», «Орзуи рассом» ва филмҳои кӯтоҳметраи «Подош», «Нишона» ва «Танҳоӣ» таҳия ва пешкаши бинандаҳо шуда, айни замон навобардории филми бадеии «Фасли руъё » идома дорад.«Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабаниҳои «Барноми рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» роҳбарияти МД «Телевизиони «Сафина» тасмим гирифтааст, ки дар соли 2014 бо фароҳам овардани шароити зарурии техникиву эҷодӣ тарҷума ва дубляжи филмҳоро ба забони тоҷикӣ боз ҳам бештар ба роҳ монад», — таъкид намуд К. Азизов.Мавриди зикр аст, ки бино ба иттилои масъулин бо ташкил намудани гурӯҳи дуюм дар ТВС давоми як моҳ ба забони тоҷикӣ дубляж кардани 4 филми бадеии мустанад имкон дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






