Густариши муносиботи тиҷоратии Тоҷикистону Русия
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муколамаи соҳибкорони ҳарду мамлакат баргузор гардид. Дар кори ин ҷаласа намояндагони баландпояи ҳарду ҷониб, аз ҷумла раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Гулчеҳра Бозорова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов ширкат варзиданд.Дар чорабинии мазкур бештар аз 30 намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия ва зиёда аз 40 соҳибкори ватанӣ, ки соҳаи мухталифи иқтисодиёт, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ, нафту газ, инфрасохтори нақлиёт, алоқа ва фаъолияти бонкиро намояндагӣ мекарданд, иштирок ва баҳс намуданд.Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии муколамаи соҳибкорон – таҳкими ҳамкории самарабахш байни соҳибкорони ҳарду кишвар, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва самтҳои ояндадори он ба ҳисоб мерафт. Барои иштирокдорони муколама «Муҳити сармоягузории Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ҳамчунин навори видеоӣ «Оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон» намоиш дода шуд.Ҳамзамон маводи васеи иттилоотӣ оид ба фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ пешниҳод гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ ширкатҳои ҳарду кишвар, ки ба ҳамкории мутақобила ҳавасманд мебошанд, аз ҷумла ширкатҳои русиягии «Возрождение», «Внешэкономбанк», «Новикомбанк», инчунин минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, вохӯриҳои алоҳидаи дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Дар анҷом як силсила шартнома, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Возрождение»-и Федератсияи Русия ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






