Х. Холиқназаров : «Вокуниши Тоҷикистону Қирғизистон бояд дар фазои дӯстона ҳалли худро ёбад»

Январь 13, 2014 11:25

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар робита ба муноқиша миёни хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназаров иброз дошт, ки вокуниши байни ду давлат бояд дар фазои дӯстонаю якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбад. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом расид, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.Оид ба ҷамъбасти яксолаи фаъолияти марказ Х. Холиқназаров гуфт, ки дар соли сипаригашта Маркази тадқиқоти стратегӣ аз рӯи ду самти афзалиятнок- стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар ҶТ ва консепсияи таъмини сифатии рушди иқтисодиёти ҶТ фаъолият бурд.Дар соли ҳисоботӣ марказ аз рӯи мавзӯъҳои манфиатҳои миллию давлатӣ дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, таъсири хусусиятҳои фарҳанги сиёсии ҷомеа ба тақвияти низоми сиёсӣ ва таъмини рушди босифати соҳаҳои иҷтимоӣ таҳқиқот гузаронид.

Январь 13, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад