Х. Холиқназаров : «Вокуниши Тоҷикистону Қирғизистон бояд дар фазои дӯстона ҳалли худро ёбад»
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар робита ба муноқиша миёни хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназаров иброз дошт, ки вокуниши байни ду давлат бояд дар фазои дӯстонаю якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбад. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом расид, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.Оид ба ҷамъбасти яксолаи фаъолияти марказ Х. Холиқназаров гуфт, ки дар соли сипаригашта Маркази тадқиқоти стратегӣ аз рӯи ду самти афзалиятнок- стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар ҶТ ва консепсияи таъмини сифатии рушди иқтисодиёти ҶТ фаъолият бурд.Дар соли ҳисоботӣ марказ аз рӯи мавзӯъҳои манфиатҳои миллию давлатӣ дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, таъсири хусусиятҳои фарҳанги сиёсии ҷомеа ба тақвияти низоми сиёсӣ ва таъмини рушди босифати соҳаҳои иҷтимоӣ таҳқиқот гузаронид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






