Ифтитоҳи маркази нави таълимии гумрукчиён

Январь 22, 2014 09:24

Душанбе, 22 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо»- (EXBS) таҳти чунин ном Сафорати ИМА дар Душанбе, маркази таълимии дарсҳои амалиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт дастрас намуд.  Тавре, ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маркази мазкур ҳамчун ҷузъи аслии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук, дар такмили омӯзиши касбии ҳайати гумрук бо шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом (СҚО) ва васоити марбут ба он, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмаки назаррас мерасонад. Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи расмӣ дар маркази мазкур, воқеъ дар дидбонгоҳи «Айнӣ» — и шаҳри Душанбе сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт иштирок доштааст.Гуфта мешавад, ки Сафорати ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт маркази таълимӣ бо арзиши умумии зиёда аз ду миллион доллари амрикоӣ дастрас намуд, ки он иқтидори Тоҷикистонро дар таъмини амнияти марзҳои он беҳтар хоҳад кард.

Январь 22, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад