Илова ба Қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2014
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Тавре ки котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» баррасӣ ва қабул гардид.
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков лоиҳаи қонуни мазкурро шарҳ дода, ҳамзамон таъкид карданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013 «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфа намудани маблағ барои баргардонидани маблағи қарзие, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои амалӣ намудани фармони мазкур ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ ҷудо гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни номбурда аз 2 модда иборат мебошад. Моддаи 1-уми он пешниҳод менамояд, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«10.Бланкаҳои шиносномаи биометрӣ, таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ ва 600 000 бланкаи корти идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд»
Бояд зикр кард, ки барои хариди 700,0 ҳазор бланкаи шиносномаи биометрии умумишаҳрвандии хориҷӣ, 600,0 ҳазор бланкаи корти идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти чопи корти идентификатсионӣ бо ширкати олмонии „Muеhlbauеr», ки ғолиби озмун мебошад, шартнома ба имзо расонида шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 145,0 бланка соли 2013 ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Пас аз қабул шудани лоиҳаи мазкур, боқимондаи он дар назар аст, ки моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ворид шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






