Имзои Ёддоштҳои тафоҳуми соҳибкорони тоҷику рус
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ- «Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷаласа ҳарду ҷонибро намояндагони соҳибкорони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ: энергетика, саноат, истихроҷи нафту газ ва бонкӣ муаррифӣ намуданд. Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои ин чорабинӣ Ёддошти тафоҳум байни ҶСП «Возрождения» -и Федератсияи Русия ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП « Тролза»и Федератсияи Русия ва корхонаи васлкунии троллейбус ва велосипедҳои ш.Душанбе ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






