Интизории Тоҷикистон аз тарифҳои нави нерӯи барқ

Январь 31, 2014 13:57

 
      Душанбе, 31.01.14(АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- «Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони як қатор вазоратҳо ва раёсатҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар рӯзҳои наздик, оид ба тарифҳои нави нерӯи барқ натиҷахои комиссияи мазкур пешниҳод мегардад»,-гуфт зимни вохӯрӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонов.
 
    Зикр гардид, ки баландшавии тариф барои кишвар бисёр муҳим ва барои беҳтар намудани фаъолияти сарфакоронаю молиявии иншоотҳои энергетикӣ зарур аст.
 
   Назар ба иттилои Усмоналӣ Усмонов  тарифҳои  нерӯи барқ дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хама паст мебошад.
 
   Ҳамзамон, Вазири энергетика ва захираҳои об иттилоотро оид ба баланд бардоштани 20% тарифҳои қувваи барқ, таъйид накард, зеро ҷадвали тарифаро хадамоти зидди инҳисороти ҶТ тасдиқ мекунад.
 

 

Январь 31, 2014 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад