Истифодаи ангишт дар корхонаҳои саноатӣ

Январь 31, 2014 14:15

 
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-  Дар нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 31 январ  баргузор гардид, фаъолияти вазорат дар  соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Тибқи маълумоти вазорат соли сипаригашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 517,8 ҳазор тоннаро ташкил дода, талаботи муассисаҳои буҷавӣ 102,7 фоиз таъмин шуд.  Фурӯши ангишт дар ин давра 482 ҳазор тоннаро ташкил дод.
«Солҳои охир аз сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми гази табиӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба ангишт, махсусан аз ҷониби корхонаҳои истеҳсоли семент ба маротиб афзудааст»,- гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев. 
Соли 2014 вазорат ният дорад ҳаҷми истеҳсоли ангиштро  боз ҳам бештар кунад, зеро бештари корхонаҳое, ки бо гази табиӣ фаъолият доранд, низомҳои худро ба ангишт гузаронида истодаанд.  Дар айни ҳол дар анборҳои корхонаҳо 77,1 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. 
 
 
 

Январь 31, 2014 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад