Камбудиҳои хизматгузориҳои банкоматӣ бартараф шуданд
Душанбе, 10 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Ҳафтаи гузашта ба телефони «Боварӣ», ки дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад, аз тарафи шаҳрвандон чанд шикоят ва пешниҳод ворид гардид. Аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷиҳати кор накардани банкоматҳои бонкҳои ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, БДА “Амонатбонк”, мавҷуд набудани пули нақд ва пеш омадани мушкилот ҳангоми гирифтани маблағ дар онҳо шикоят намуданд. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои ба миён омада бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ҳал гардиданд. Тавре ки маълум гардид, банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат дубора фаъол гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






