Коргоҳҳои нави соҳаи саноати маъдани куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо

Январь 2, 2014 15:07

Душанбе, 2 январ. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).-Дар соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти молии корхонаҳои заргарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ 4268,8 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2012- 139%- ро ташкил мекунад. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар давоми соли 2013 корхонаҳо дар соҳаи коркарди маъданҳои куҳӣ, аз ҷумла, коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори 5-10 тонна ва сохтмони таҳкурсии фабрикаи коркарди маъданҳои куҳӣ барои 10 000 тонна дар як шабонарўз дар ҶДММ КМ “Зарафшон” таъсис дода шуданд. Гуфта мешавад, ҳоло дар корхонаи мазкур 50-60%-и мошинолот ва таҷҳизот барои фабрикаи мазкур ба корхона ворид шуданд. Ба кор даромадани фабрикаи коркарди маъданҳои куҳӣ бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарўз ва шумораи ҷойҳои нави корӣ 300 нафарро ташкил мекунад.

Январь 2, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш