Кумаки «Равшандилон» ба хонандагон

Январь 10, 2014 08:34

Хоруғ, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо мақсади муътадил пушти сар кардани фасли зимистон ташкилоти ҷамъиятии «Равшандилон» ва мақомоти маҳаллии ноҳияи Рӯшон барои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами нуҳуми ноҳия ба маблағи 13 ҳазор доллар кӯмаки молӣ расонд. Сарвари ин мактаб Ҳалима Бердибекова гуфт, ки дар таъмири ҷории мактаб ҳудуди 10 ҳазор доллар аз сӯи ҷамъияти «Равшандилон» ва 3 ҳазор доллари дигар аз тарафи мақомоти маҳаллии ноҳия кӯмак шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ бо ин миқдор маблағ маҷлисгоҳи мактаб пурра таъмир гардида, ҳамчунин ҳамаи тирезаҳои синфхонаҳо аз нав васл шуданд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯшон дар соли 1936-и асри гузашта сохта шуда, ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт. Танҳо баъди ин дастгирӣ ва кумаки мақомоти маҳаллии ноҳия ва саҳми ҷамъияти мазкур шароити таълиму тарбия барои хонандагону омӯзгорон то андозае беҳтар шуд. Ба гуфтаи сарвари мактаб тирезаҳои нав имконияти гарминигаҳдории бештар дошта, ҳамчунин ҳар гуна садоҳои берунаро намегузаронад. Бояд гуфт , ки дар мактаби мазкур 54 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 617 нафар хонанда машғул мебошанд.

Январь 10, 2014 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд