Курсҳои омӯзишии муҳим барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз 23 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи Генералии Тоҷикистон курси таълимии «Роҳандозии парвандаҳои махсусан муҳим» дар назди Хадамоти амнияти сафорати ИМА дар Тоҷикистонро хатм намуданд. Ба ин хотир муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Райан Эванс хатмкунадагонро табрик намуд. Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз курси таълимии мазкур беҳтар намудани иқтидори кормандон дар омода сохтан, идора ва назорати тафтишоти амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои мураккаби ҷиноятӣ, аз ҷумла тафтишоти муштарак, ки як қатор ҷузъҳоро аз шуъбаҳои гуногун дар бар мегирад, иборат аст. Гуфта мешавад, курси таълимии мазкур аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зиддитеррористиест, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои соли 2014 ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида мешавад. Курсҳои мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






