Квотаҳои иловагӣ барои хатмкунандагони мактабҳои Хатлон
Қӯрғонтеппа, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Соли 2014 барои хатмкунандагони мактабҳои вилояти Хатлон ба манзури дохил шудан ба донишкадаи олии тиббии кишвар аз рӯи квота беш аз 100 ҷойи иловагӣ ҷудо карда мешавад. Роҳбари раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шералӣ Бузмаков дар ин бора ба журналистон хабар дод. Мувофиқи суханони мавсуф, алҳол асосан дар ноҳияҳои кӯҳистони вилоят кифоят накардани кадрҳо ҳис карда мешавад. Хатмкунандагони донишкадаҳои олӣ на ҳамеша бо роҳхатҳо ба ҷойи корашон ҳозир мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳам вақтҳои охир вазъи ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор ба андозае беҳтар шудааст. Шералӣ Бузмаков ҳамчунин зикр намуд, ки бояд дар он мактабҳои деҳот, ки беш аз 700 – 800 нафар хонанда доранд, штатҳои коркунони тиббӣ ҷорӣ намуда, барои кормандони тиббӣ биноҳои махсус ҷудо карда шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






