М. Неъматов: «Муттаҳид шавед ва масъулияти бештар нишон диҳед»
Душанбе, 24 январ.(АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов бо ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Ёвон мулоқот намуданд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот меҳмонон сараввал аз дастовардҳо ва ҳунарҳои дастии ҷавонони ноҳия, ки дар маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд. Маликшо Неъматов аз дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ҷавононро даъват намуд, ки дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, барои ободонии кишвар масъулияти бештар нишон диҳанд.Гуфта мешавад, ки дар анҷоми чорабинӣ варзишгарони беҳтарини ноҳия барои дастовардҳои варзишӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






